Бо фарорасии фасли зебои баҳор ва наздик шудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант чорабиниҳои идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида истодаанд. Сокинони ҷамоат бо руҳияи баланди идона баҳори навро…
Бо фарорасии фасли зебои баҳор ва наздик шудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и шаҳри Левакант чорабиниҳои идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида истодаанд. Сокинони ҷамоат бо руҳияи баланди идона баҳори навро истиқбол намуда, барои таҷлили арзандаи ин ҷашни аҷдодӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардида, дар онҳо сокинони маҳаллӣ, фаъолони ҷамоат, ҷавонон ва бонувон иштирок менамоянд. Барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ, намоиши анъанаҳои миллии наврӯзӣ ва иҷрои суруду рақсу таронаҳои дилнишин ба ҷашн шукӯҳи хоса мебахшанд.
Дар чорабинии идона таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, оши бурида ва дигар анъанаҳои қадимаи наврӯзӣ таҳия ва ба намоиш гузошта шуданд. Бонувони ҳунарманди ҷамоат бо тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои дастӣ фарҳанги қадимаи халқи тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёшавии табиат, дӯстиву ҳамдилӣ ва оғози корҳои созанда дар байни мардум ҷойгоҳи хоса дорад. Сокинони Ҷамоати деҳоти “Гулистон” низ бо эҳсоси ифтихор аз анъанаҳои миллӣ ин ҷашни бостониро бо шодию нишот истиқбол намуда, барои ободиву пешрафти маҳалли худ талош меварзанд.