Дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант маросими анъанавии истиқболи тулӯи офтоб ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои зебои идона баргузор гардид. Ин чорабинии рамзӣ, ки аз суннатҳои қадимаи наврӯзӣ сарчашма мегирад, оғози фасли…
Дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант маросими анъанавии истиқболи тулӯи офтоб ва таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои зебои идона баргузор гардид. Ин чорабинии рамзӣ, ки аз суннатҳои қадимаи наврӯзӣ сарчашма мегирад, оғози фасли баҳор ва эҳёи табиатро таҷассум менамояд.
Субҳи барвақт сокинони ҷамоат дар макони баргузории чорабинӣ ҷамъ омада, бо руҳияи баланди идона тулӯи нахустин шуълаҳои офтоби баҳориро истиқбол гирифтанд. Иштирокчиён ин лаҳзаи рамзиро бо орзуҳои нек, дуоҳои хайр ва ниятҳои созанда пешвоз гирифтанд.
Дар гирди деги суманаки тобагин бонувон ва гулдухтарон дафзанону сурудхонон истиқболи баҳору Наврӯз карданд. Ҳамзамон, намоиши анъанаҳои наврӯзӣ ташкил карда шуда, бонувони ҳунарманд бо оростани дастархони идона, омода намудани суманак ва дигар таомҳои миллӣ фарҳанги қадимаи тоҷиконро муаррифӣ намуданд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ буд. Дар гӯшаҳои махсус ҳунармандон маҳсулоти дастии худро, аз ҷумла гулдӯзӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои миллиро ба маърази тамошо гузоштанд. Инчунин ҷавонон ва варзишгарон бо баргузории бозиҳои миллӣ ва барномаҳои варзишӣ ба чорабинӣ ранги тоза бахшиданд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз рамзи дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят менамояд. Сокинони Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» низ бо ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллии худ ин ҷашни бостониро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намуда, баҳри ободиву пешрафти маҳалли худ саҳм мегузоранд.
Маросими тулӯи офтоб ва истиқболи Наврӯз дар фазои самимӣ ва шодмонӣ баргузор гардида, ба иштирокдорон руҳияи идона ва эҳсоси гармии баҳорро бахшид. Сокинон бовар доранд, ки Наврӯзи имсола ба ҳар як хонадон файзу баракат, хушбахтӣ ва пешрафти нав меорад.