13-уми март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва намозгузорони масҷиди деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти Гулистон тариқи усули "Масҷид ба масҷид" мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут…
13-уми март, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон ва намозгузорони масҷиди деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти Гулистон тариқи усули "Масҷид ба масҷид" мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини суботу оромии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нақши аҳли ҷомеа дар тарбияи дурусти ҷавонон баррасӣ гардиданд. Қайд карда шуд, ки имрӯз барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ҷомеа ҳамкории зичи сокинон бо мақомоти давлатӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар рафти суҳбат муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон таъкид намуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми қонун ва арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, волидайн, фаъолони маҳалла ва шахсони рӯзгордида бояд дар пешгирии ҳар гуна падидаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва паҳншавии ақидаҳои бегона бетараф набошанд.
Ҳамчунин дар мулоқот ба масъалаҳои мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои тарбиявӣ дар байни сокинон бояд мунтазам баргузор шаванд.
Дар идомаи вохӯрӣ зарурати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти муассисаҳои динӣ ва нигоҳ доштани тартибот дар масҷидҳо таъкид гардида, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки барои таҳкими суботу оромӣ ва тарбияи дурусти ҷавонон саҳми фаъол гузоранд.
Дар анҷоми мулоқот намозгузорон андешаҳои худро иброз намуда, чунин вохӯриҳоро барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва таҳкими ҳамкории сокинон бо мақомоти давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.