12-уми март, дар шаҳри Левакант ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини самбо миёни наврасон баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо…
12-уми март, дар шаҳри Левакант ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини самбо миёни наврасон баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ташкил карда шуда, ҳадафи он рушди варзиш, ҷалби наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маҳорати варзишгарони ҷавон арзёбӣ гардид.
Дар мусобиқа даҳҳо навраси варзишгар аз муассисаҳои таълимӣ ва маҳфилҳои варзишии шаҳр иштирок намуда, дар вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Мусобиқа дар фазои рақобати солим ва рӯҳияи баланди варзишӣ баргузор шуда, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, то маҳорати худ, устувории ҷисмонӣ ва техникаи гӯштиниро нишон диҳад.
Тавре масъулини чорабинӣ зикр карданд, баргузории чунин мусобиқаҳо ба рушди гӯштини самбо дар миёни наврасон мусоидат намуда, барои дарёфти истеъдодҳои нав ва омода намудани варзишгарони ояндадор замина фароҳам меорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки варзиш яке аз воситаҳои муҳими тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми мусобиқа варзишгароне, ки натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд, бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ташкилкунандагон иброз доштанд, ки чунин мусобиқаҳои варзишӣ дар оянда низ идома ёфта, барои тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон саҳми назаррас хоҳанд гузошт.