7-уми март, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи ситоди навбатӣ оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини раиси шаҳри Левакант, роҳбари Ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати…
7-уми март, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷаласаи ситоди навбатӣ оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси шаҳри Левакант, роҳбари Ситоди шаҳрӣ оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Баротзода Шарифхон, инчунин роҳбарони сохторҳои марбута ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Зимни баргузории ҷаласа Баротзода Шарифхон вобаста ба омодагиҳо ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳимояи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Ӯ изҳор дошт, ки барои ҷалби бештари ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як масъул бояд фаъолона саҳм гузорад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи даъват бояд ҳамкории зич миёни ҷамоатҳо, муассисаҳо ва сохторҳои дахлдор тақвият дода шавад.
Дар анҷоми ҷаласа ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои босифати маъракаи даъвати баҳорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки чунин ҷаласаҳо бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани раванди даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулияту ватандӯстии онҳо баргузор карда мешаванд.