6-уми март, дар доираи тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо усули “Масҷид ба масҷид” дар шаҳри Левакант мулоқоти судманд бо намозгузорон баргузор гардид. Зимни адои намози шом муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон ва раиси ҷамоати деҳоти…
6-уми март, дар доираи тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо усули “Масҷид ба масҷид” дар шаҳри Левакант мулоқоти судманд бо намозгузорон баргузор гардид.
Зимни адои намози шом муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон ва раиси ҷамоати деҳоти Гулистон Хидирзода Маҳмад ба масҷидҳои деҳаҳои Баҳодурон ва Яккачинор ташриф оварда, бо намозгузорон суҳбати озоду ошкоро анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъулин ба сокинон оид ба як қатор масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти дин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳифзи арзишҳои миллиро шарҳу тавзеҳ доданд.
Таъкид гардид, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани ноболиғон ба масҷидҳо қатъиян манъ буда, волидон бояд ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин зикр шуд, ки машғул шудан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ метавонад ба ташаккули ҷаҳонбинии носолими ҷавонон таъсири манфӣ расонад.
Ҳамчунин перомуни масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ, зиёдаравӣ дар маросиму маъракаҳо, бегонапарастӣ ва ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар идомаи суҳбат масъулин сокинонро ба ҳамкорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ даъват карда, таъкид доштанд, ки рушди маҳал ва беҳбудии зиндагии мардум аз ҳамбастагию масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд вобаста аст.
Вохӯрӣ дар фазои самимӣ баргузор гардида, намозгузорон низ андешаҳои худро иброз дошта, аз чунин мулоқотҳои фаҳмондадиҳӣ, ки ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷомеа мусоидат мекунанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.