7-уми март, ба ифтихори Рӯзи Модар дар шаҳри Левакант чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он занону бонувони шаҳр бо рӯҳияи болида ва чеҳраҳои идона ширкат варзиданд. Занону модарони шаҳр бо либосҳои идона ба макони баргузории чорабинӣ…
7-уми март, ба ифтихори Рӯзи Модар дар шаҳри Левакант чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он занону бонувони шаҳр бо рӯҳияи болида ва чеҳраҳои идона ширкат варзиданд.
Занону модарони шаҳр бо либосҳои идона ба макони баргузории чорабинӣ — Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ ҷамъ омаданд. Ҳанӯз аз даромадгоҳи донишкада фазои идона эҳсос мешуд: гулдухтарони зебои шаҳр меҳмононро бо табассуму самимият ва шеърхонӣ пешвоз гирифта, ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшиданд.
Чорабинӣ дар толори фарҳангии донишкада оғоз гардида, нахуст раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ тамоми занону бонувонро ба муносибати ин рӯзи фархунда самимона табрик намуд. Ӯ дар суханронии худ аз ҷойгоҳу мақоми баланди зани тоҷик дар ҷомеа ёдовар шуда, саҳми модаронро дар тарбияи насли солиму ватандӯст ниҳоят арзишманд арзёбӣ кард.
Дар фазои тантанавӣ як қатор занону бонувони фаъол, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр саҳми арзанда доранд, бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ин рӯзи пурфараҳ ятимони кул низ аз ғамхории роҳбарияти шаҳр бархурдор гардида, бо туҳфаҳои раиси шаҳр шод гардонида шуданд. Ин иқдом ба чорабинӣ ранги инсондӯстиву меҳрубонӣ бахшид.
Қисмати фарҳангии барнома басо рангин ва хотирмон ҷараён гирифт. Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертиро пешкаши ҳозирин намуданд. Ҳамчунин ҳунарманди маъруфи тоҷик Қобилҷон Зарипов бо иҷрои чанд суруди дилнишин фазои толорро пур аз шодиву нишот гардонида, ба иштирокдорон руҳияи идона бахшид.
Дар анҷоми чорабинӣ гулдухтарони шаҳр бо намоиши зебои либосҳои миллӣ баромад намуда, рангорангии фарҳанги миллиро муаррифӣ карданд. Ин намоиш ҳусни анҷоми барномаи идонаро боз ҳам ҷолибтар гардонд.
Маврид ба зикр аст, ки чорабинии идона дар шаҳри Левакант ба як маҳфили гарму самимии қадршиносӣ аз модарон табдил ёфта, бори дигар мақому манзалати баланди зан — модарро дар ҷомеа таҷассум намуд.