04-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и ДБССТ даври якуми озмуни фарҳангӣ-фароғатии “Кадбонуи беҳтарин” бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои идона, бо намоиши дастранҷи бонувону…
04-уми марти соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Донишкадаи байналмилалии Левакант”-и ДБССТ даври якуми озмуни фарҳангӣ-фароғатии “Кадбонуи беҳтарин” бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои идона, бо намоиши дастранҷи бонувону гулдухтарони донишкада оғоз ёфта, маҳсули ҳунари онҳо пухтупазҳои миллӣ, шириниҳои гуногун ва маҳсулоти дастӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва ҳозирин қарор гирифт.
Озмун бо иштироки дастаҳои Робияи Балхӣ, Гурдофарид, Томирис, Зебуниссо ва Тахмина, ки ба хотири қаҳрамонзанҳои таърихиву адабии форсу тоҷик номгузорӣ шуданд, аз рӯи ҳафт номинатсия баргузор гардид.
Бояд қайд сохт, ки ҳадафи баргузории озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои ҷадид, баланд бардоштани маҳорати кадбонугӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, ин иқдом ҷиҳати омода намудани ҷавондухтарон ҳамчун кадбонуҳои шоиста, ҳунарманд ва пешбарандагони арзишҳои миллӣ ба зиндагии мустақилога равона шудааст.
Иштирокчиён бо завқи баланд, ҳунари нозук ва эҳсоси зебоипарастӣ баромад намуда, фазои чорабиниро рангоранг ва хотирмон гардониданд. Озмун бори дигар собит сохт, ки духтарони тоҷик посдорандагони асили фарҳанг, ҳунар ва суннатҳои миллӣ буда, дар рушду густариши арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд.