Ҳар як инсон дар зиндагӣ муқаддасоте дорад, ки барои ӯ аз ҳама арзишманду гиромист. Барои мо, тоҷикон, Ватан аз ҷумлаи ҳамин муқаддасот аст. Ватан – ин хоку об, таъриху фарҳанг, забону суннат, падару модар ва тамоми арзишҳое мебошад, ки ҳастии моро маънӣ мебахшанд. Аз ин рӯ, ҳифзу ҳимояи он на танҳо вазифа, балки қарзи виҷдонии ҳар як ҷавонмарди ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Дар тӯли таърих фарзандони барӯманди миллати тоҷик барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисорӣ кардаанд. Қаҳрамониву фидокории гузаштагон барои мо намунаи ибрат аст. Имрӯз низ дар шароити ҷаҳони пуртазод ва печида, ҳифзи амнияту субот, оромиву осоиштагии кишвар аҳамияти хоса дорад. Сулҳу ваҳдате, ки мо имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем, ба осонӣ ба даст наомадааст. Аз ин лиҳоз, пос доштани ин неъмати бузург масъулияти ҷиддии ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстист. Воқеан ҳам, хизмати ҳарбӣ на танҳо иҷрои як уҳдадории қонунӣ, балки марҳилаи муҳими ташаккули шахсият аст. Ҷавонон дар ин давра иродаи қавӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ пайдо мекунанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сутунҳои асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд. Артиши миллӣ кафили амнияти кишвар, ҳомии марзу буми Ватан ва сипари боэътимоди давлат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавон имкон медиҳад, ки худро ҳамчун ҳомии ҳақиқии Ватан эҳсос намояд. Пӯшидани либоси ҳарбӣ нишонаи шарафу номус ва садоқат ба давлату миллат мебошад.
Мутаассифона, баъзан бархе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, бо баҳонаҳои гуногун худро канор мегиранд. Чунин рафтор ба рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ созгор нест. Ҷавонмардӣ танҳо дар сухан нест, балки дар амал, дар омодагӣ ба ҳимояи Ватан, дар эҳсоси масъулият нисбат ба тақдири миллат ифода меёбад. Ватан ба ҳар яки мо ниёз дорад ва ҳар як ҷавон бояд дарк намояд, ки саҳми ӯ дар таҳкими амнияту суботи кишвар муҳим аст.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ инчунин барои ҷавонон як мактаби ҳаёт мебошад. Онҳо дар ин муҳит дӯстони содиқ пайдо намуда, бо техника ва таҷҳизоти муосир шинос мешаванд, малакаҳои ҳарбӣ меомӯзанд ва ҷисману рӯҳан обутоб меёбанд. Ин таҷриба дар зиндагии минбаъдаи онҳо нақши муҳим мебозад. Бисёр ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, баъдан дар ҷомеа ҳамчун шахсони боирода, масъулиятшинос ва фаъол шинохта мешаванд.
Имрӯз давлат барои беҳтар намудани шароити хизмати ҳарбӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Сохтмони қисмҳои ҳарбии замонавӣ, беҳтар гардидани шароити зисту хизмат, таъминоти моддию техникӣ ва ғамхорӣ нисбат ба сарбозон аз ҷумлаи чунин иқдомҳост. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки давлат ба Артиши миллӣ ва ҳомиёни худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Ватан танҳо мафҳуми ҷуғрофӣ нест. Ватан ифтихор, номус ва шарафи мост. Ҳар як ҷавон бояд бо ҳисси баланди масъулият дарк намояд, ки хизмат ба Модар-Ватан қарзи муқаддаси ӯст. Агар мо хоҳони ояндаи дурахшон, зиндагии орому осуда ва рушди устувори кишвар бошем, бояд барои ҳифзи он ҳамеша омода бошем.
Хулоса, хизмати Модар-Ватан мактаби шуҷоат, ҷасорат ва худшиносист. Ҷавонони имрӯза – неруи созандаи фардои миллатанд. Бо адои софдилонаи хизмати ҳарбӣ онҳо на танҳо қарзи шаҳрвандии худро иҷро мекунанд, балки саҳми арзандаи худро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мегузоранд. Пас, биёед, бо ҳисси баланди ифтихор ва садоқат ба Ватан хизмати онро шараф донем ва исбот намоем, ки воқеан ҳам ҷавонмардем.
Саидзода Ҳусейн-сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Левакант