4-уми март, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки мутахассисони мақомоти иҷроия, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар деҳаи Ҳаёти Нави ҷамоати мазкур бо усули «хона…
4-уми март, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо иштироки мутахассисони мақомоти иҷроия, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар деҳаи Ҳаёти Нави ҷамоати мазкур бо усули «хона ба хона» бо сокинон вохӯриву суҳбатҳо анҷом доданд.
Ҳадафи асосии ин иқдом тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии аҳолӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа арзёбӣ гардид. Зимни мулоқотҳо ба сокинон вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳо ва дигар зуҳуроти манфӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои тозагию ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва беҳтар сохтани шароити иҷтимоии оилаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аъзои гурӯҳи корӣ сокинонро ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал даъват намуданд.
Дар рафти суҳбатҳо инчунин ба масъалаҳои пешгирӣ аз бегонапарастӣ, риояи фарҳанги миллӣ дар тарзи либоспӯшӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди ватандӯст буда, саҳми муҳим дар таҳкими амнияту суботи кишвар дорад.
Сокинони деҳаи Ҳаёти Нав ташаббуси гурӯҳи кориро ҷонибдорӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти ободонию созандагӣ ва риояи талаботи қонунгузорӣ изҳор доштанд.
Масъулон иброз доштанд, ки чунин мулоқотҳои «хона ба хона» минбаъд низ дар дигар маҳаллаҳо идома ёфта, ҷиҳати таҳкими робитаи мустақим бо аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда мусоидат хоҳанд кард.