Субҳи 27-уми феврал, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ — бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ ва ободонӣ ба ҷамоатҳои деҳоти «Гулистон» ва «Ваҳдат» сафари корӣ анҷом дод. Зимни боздид раиси шаҳр аз рафти кишти зироатҳои баҳорӣ,…
Субҳи 27-уми феврал, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ — бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ ва ободонӣ ба ҷамоатҳои деҳоти «Гулистон» ва «Ваҳдат» сафари корӣ анҷом дод.
Зимни боздид раиси шаҳр аз рафти кишти зироатҳои баҳорӣ, аз ҷумла картошка, дидан намуда, ба сифати шудгори заминҳо ва омодагии онҳо барои кишти саривақтӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Қайд гардид, ки бо фаро расидани мавсими кишти баҳорӣ деҳқонон ва иҷоракорон талош доранд, ки киштро дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода, заминаи фаровонии ҳосилро таъмин намоянд.
Раиси шаҳр зимни суҳбат бо иҷоракорон ва сокинон таъкид намуд, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, интихоби тухмии хушсифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ мебошад. Ҳамзамон ба масъулон дастур дода шуд, ки назорати ҷиддӣ аз болои сифати шудгор ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди зироатҳо ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи боздид ҳолати коркарди боғҳо низ мавриди санҷиш қарор гирифт. Зикр гардид, ки тоза намудани пояи дарахтон, гузаронидани буриши шаклдиҳӣ ва ғизодиҳии саривақтӣ барои гирифтани ҳосили фаровон аҳамияти калон дорад. Ба боғдорони ҷамоатҳо тавсия дода шуд, ки корҳои агротехникиро бо риояи талаботи муосир ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, ҷараёни корҳои ободонӣ, аз ҷумла тозагии гирду атроф, ҳолати роҳҳои маҳаллӣ ва омодагии иншооти иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сокинон ва иҷоракорон зимни суҳбат иброз доштанд, ки барои истифодаи босамари замин ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ тамоми неруи худро равона месозанд. Таъкид шуд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба шумор рафта, аз ҳар як кишоварз масъулияти баландро тақозо менамояд.