27-уми феврал, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Левакант вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақша-чорабиниҳо ва бо истифода аз усули «Мактаб ба мактаб» баргузор гардид. Дар мулоқот…

27-уми феврал, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Левакант вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақша-чорабиниҳо ва бо истифода аз усули «Мактаб ба мактаб» баргузор гардид. Дар мулоқот омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва сокинони деҳаи Тоҷирони ҷамоати деҳоти «Гулистон» фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия Наргис Иброҳимова, котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроия Маҳмадзода Исроил ва корманди бахши маорифи шаҳр Аскаров Раҷабмат иборат буд.
Зимни вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тарбия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ибрози назар намуд. Ҳамзамон, мавсуф доир ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақоми омӯзгор» суханронӣ карда, аҳамияти риояи меъёрҳои мазкурро дар рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ сокинонро ба ободониву созандагӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти шаҳр даъват кард.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора низ дар мавзуъҳои муҳими рӯз — таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳми ҷомеа дар таълиму тарбияи насли наврас — андешаронӣ намуд.
Дигар масъулин вобаста ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон, рафъи омилҳои номатлуб, пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва истифодаи либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, инчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва илму дониш баромад карданд. Қайд гардид, ки ҳамкории зичи мактаб, оила ва ҷомеа метавонад дар ташаккули шахсияти солим ва масъулиятшиноси ҷавонон нақши муассир гузорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифта, барои тақвияти ҳамкориҳо ва баргузории чунин чорабиниҳои судманд изҳори қаноатмандӣ карданд. Чунин мулоқотҳо дар доираи усули «Мактаб ба мактаб» ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат намуда, заминаи мусоид барои рушди устувори ҷомеа фароҳам меоранд.