25-уми феврал, дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Литсейи давлатии рақамии №1 вохӯрии судманд бо иштироки волидайни хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи ташаббуси «Мактаб ба…
25-уми феврал, дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Литсейи давлатии рақамии №1 вохӯрии судманд бо иштироки волидайни хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи ташаббуси «Мактаб ба мактаб» роҳандозӣ шуда, ба таҳкими робитаи муассисаи таълимӣ бо оила ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар раванди таълиму тарбияи фарзандон равона карда шуд.
Дар мулоқот муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия Иброҳимова Наргис, намояндагони соҳаи маориф ва дигар фаъолон ширкат варзида, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз ибрози назар намуданд.
Зимни суханронӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал шарҳ дода шуда, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз ҷониби шаҳрвандон муҳим арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки иҷрои талаботи қонунгузорӣ омили асосии рушди устувори ҷомеа ва тарбияи дурусти насли наврас мебошад.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонону наврасон, мубориза бо хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, инчунин роҳ надодан ба омилҳои номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокдорон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва нигоҳдории тозагии шахсӣ ва муҳити атроф низ ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи напӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки танҳо дар ҳамкории зичи мактаб ва оила метавон барои ба камол расидани насли донишманду масъулиятшинос заминаи мусоид фароҳам овард.
Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷомеа ба корҳои ободонию созандагӣ дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои муҳими ин вохӯрӣ буд.
Дар фарҷом миёни масъулин ва волидайн суолу ҷавоб баргузор гардида, ба масъалаҳои матраҳшуда посухҳои мушаххас дода шуданд. Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр низ пайваста баргузор мегарданд.