25-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он муовинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва раисони…
25-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он муовинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва раисони кумитаҳои маҳал иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаи ҷалби ҷавонон ба даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои меҳварӣ арзёбӣ гардид. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи ватандӯстии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад. Дар ин замина ба масъулин супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонон ва волидони онҳо ҷоннок намуда, барои иҷрои босифати нақшаи даъват тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон, масъалаи пешгирии ҷавонон аз даст задан ба ҷиноят, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар омилҳои номатлуб мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои марбута ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳоро коҳиш дод ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву масъулиятшиносӣ тарбия намуд.
Дар ҷаласа инчунин вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафта, фаъолон барои саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани маҳал, таъмиру навсозии инфрасохтор ва беҳтар гардонидани симои шаҳр муваззаф дониста шуданд. Зикр гардид, ки истиқболи шоистаи ин ҷашни муҳими миллӣ аз ҳар як сокини шаҳр ҳисси баланди масъулият ва ташаббускориро талаб менамояд.
Ҳамчунин, як қатор масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла таҳкими интизоми хизматӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ миёни аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси шаҳр фаъолон ва масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда тадбирҳои мушаххас андешида, ҷиҳати рушди устувори шаҳр фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд.