Шоми 25-уми феврал, муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон дар якҷоягӣ бо фаъолон ва намояндагони мақомоти дахлдор тариқи усули "Масҷид ба масҷид" бо намозгузорони масҷиди деҳаи Зағертут ва сокинони деҳа мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирӣ аз хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии диннӣ, инчунин назорати ҷиддӣ ҷиҳати иштироки ноболиғон дар масҷидҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки риояи қонунгузории амалкунанда ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ омили муҳими суботу оромӣ дар ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, масъулин вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ибрози андеша карданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории зичи оила, ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ метавонад дар коҳиши омилҳои номатлуб ва таъмини амнияту субот нақши муассир бозад.
Дар идомаи мулоқот масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардида, хизмати Ватан ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи садоқат ба давлату миллат арзёбӣ шуд. Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои адои хизмати ҳарбӣ омода бошанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон андешаҳои худро баён намуда, чунин мулоқотҳоро барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.