20-уми феврал, ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ чорабинии идона таҳти унвони «МО ҲОМИЁНИ ВАТАНЕМ» баргузор гардид, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи…
20-уми феврал, ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ чорабинии идона таҳти унвони «МО ҲОМИЁНИ ВАТАНЕМ» баргузор гардид, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба Артиши миллӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба амнияту суботи кишвар буд.
Дар ин чорабинӣ ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад, сардори ШВКД дар шаҳри Левакант подполковники милитсия Назарзода Хуршед, намояндаи шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, собиқадорон, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Меҳмонон нахуст дар саҳни донишгоҳ аз қадамзании тантанавӣ ва машқҳои ҳарбии донишҷӯён дидан карданд. Ин намоиш бо тартиботи ҳарбӣ, ҳамоҳангӣ ва рӯҳияи баланди иштирокчиён анҷом ёфта, ҳамчун рамзи омодагии ҷавонон ба ҳифзи Ватан пазируфта шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар сухани табрикотии худ ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент-Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад зикр намуд, ки Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат буда, ҷавонон бояд ҳамеша омодаи хизмат ба Ватан бошанд. Ӯ нақши ҷавононро дар таҳкими истиқлолият ва пойдории давлатдорӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сардори ШВКД дар шаҳри Левакант баромад намуда, иброз дошт, ки ҳифзи оромию осоиштагии ҷомеа вазифаи муқаддас буда, ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо муассисаҳои таълимӣ дар тарбияи шаҳрвандони ватандӯст аҳамияти калон дорад. Ӯ ҷавононро ба риояи қонун, дӯст доштани Ватан ва омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба намояндагони сохторҳо, устодон, донишҷӯён ва хонандагоне, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, сипосномаҳо ва ҷомҳои мусобиқа супорида шуданд. Ин иқдом барои ҳавасмандгардонии ҷавонон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим мусоидат намуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини ҳунарии донишҷӯён идома ёфт. Иҷрои шеъру сурудҳои ватандӯстона, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва баромадҳои саҳнавӣ табъи ҳозиринро болида гардонда, муҳити идонаро пурра эҳсосбахш намуд. Шеърҳои дар васфи Ватан ва шуҷоати сарбозон қироат гардида, руҳияи баланди миллиро дар дилҳо тақвият дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён иброз доштанд, ки чунин вохӯриҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва Артиши миллӣ нақши муҳим доранд. Чорабинӣ ҳамчун саҳми арзанда дар тарбияи ҷавонон ва гиромидошти рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар хотири иштирокчиён таассуроти нек боқӣ гузошт.