20-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант як гурӯҳ намояндагон ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати сарбозону афсарони Дидбонгоҳи сарҳадии «Панчоб», қисми…
20-уми феврал, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант як гурӯҳ намояндагон ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати сарбозону афсарони Дидбонгоҳи сарҳадии «Панчоб», қисми ҳарбии 0307-и КДАМ дар ноҳияи Ҳамадонӣ рафтанд.
Дар ҳайати гурӯҳ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, масъулини бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, намояндагони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва бахши фарҳанги шаҳр иштирок намуданд. Меҳмонон бо худ як миқдор анвои гуногуни ғизоӣ, шириниҳо ва меваҷот бурда, ба сарбозону афсарон тақдим карданд.
Муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон зимни суханронии худ хизматчиёни ҳарбиро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, ба онҳо барои хизмати содиқона ва сарбаландона дар ҳифзи марзу буми Ватан изҳори сипос кард. Зикр гардид, ки ҳифзи истиқлолу амнияти кишвар қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихор аст.
Ҳамзамон Баротзода Шарифхон ва дигар ҳамроҳонаш бо шароити хизмат ва зисти сарбозон шинос шуда, аз синфхона ва китобхонаи дидбонгоҳ боздид ба амал оварданд. Дар ҷараёни мулоқот бо сарбозон атрофи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани маърифати китобхонӣ ва рӯ овардани ҷавонон ба китоб суҳбати самимӣ сурат гирифт. Таъкид шуд, ки мутолиа ва донишандӯзӣ дар баробари омодагии ҳарбӣ барои ҳар як хизматчии Ватан аҳамияти муҳим дорад.
Бо мақсади болидахотирии сарбозон аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Левакант барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид, ки бо суруду таронаҳои ватандӯстона фазои идонаро боз ҳам шукуҳманд гардонд.
Дар фарҷом аз тарафи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои сарбозон дастархони идона ва хуроки нисфирӯзӣ ороста шуд. Муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон дар сари дастархон бо сарбозону афсарон суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, ба онҳо тансиҳативу барори кор ва хизмати намунавӣ таманно намуд.
Чунин иқдомҳо рамзи дастгирӣ ва қадршиносии ҷомеа нисбат ба ҳомиёни Ватан буда, рӯҳияи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии хизматчиёни ҳарбиро боз ҳам таҳким мебахшанд.