20-уми феврал, дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии №4 ба номи «Нигина»-и шаҳри Левакант бахшида ба 33-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ маъмурияти муассиса, мураббиён…
20-уми феврал, дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии №4 ба номи «Нигина»-и шаҳри Левакант бахшида ба 33-солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ маъмурияти муассиса, мураббиён ва тарбиятгирандагон фаъолона иштирок намуданд. Иштирокдорон аз намоиши ҳунару маҳорати кӯдакони ин боргоҳи таълиму тарбия дидан карда, ба сатҳи омодагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии онҳо баҳои баланд доданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қироати шеърҳои ватандӯстона ва иҷрои сурудҳо оғоз ёфт. Дӯстрӯякони муассиса бо чеҳраҳои хандон ва рӯҳияи болида дар васфи Ватан, сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми кишвар шеъру таронаҳо замзама карданд. Ҳар як баромад бо кафкӯбиҳои ҳозирин истиқбол гирифта мешуд.
Ҳамзамон, тарбиятгирандагон машқҳои ҳарбӣ-варзиширо бо маҳорати хосса намоиш дода, саҳнаҳои рамзии ҳифзи Ватанро иҷро намуданд. Ин барномаҳо дар дили кӯдакон эҳсоси ифтихор аз Ватан ва арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбиро тақвият бахшид.
Масъулини муассиса зикр карданд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими низоми таълиму тарбия маҳсуб меёбад. Баргузории чунин чорабиниҳо барои бедор намудани ҳисси масъулият, дӯст доштани Ватан ва эҳтиром ба хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди идона ҷамъбаст гардида, хотироти некеро дар зеҳни кӯдакон ва ҳозирин боқӣ гузошт.