21-уми феврал, дар шаҳри Левакант мавсими нави ниҳолшинонӣ бо иқдоми шоиста оғоз гардид. Дар шафати шоҳроҳи Левакант–Бохтар бо иштироки раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ беш аз 400 бех ниҳоли тут шинонида шуд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар фазои…
21-уми феврал, дар шаҳри Левакант мавсими нави ниҳолшинонӣ бо иқдоми шоиста оғоз гардид. Дар шафати шоҳроҳи Левакант–Бохтар бо иштироки раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ беш аз 400 бех ниҳоли тут шинонида шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар фазои ҳамдилӣ ва рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ҷараён гирифт, дар он муовинони раиси шаҳр, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони фаъол ширкат варзиданд. Иштирокчиён бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ба сабзкорӣ баромада, саҳми худро дар ободонӣ ва зебоии шаҳр гузоштанд.
Ин иқдом дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба густариши майдони тутзорҳо ва беҳдошти муҳити зист равона шудааст. Тибқи иттилои масъулин, дар ҳамин қитъа дар марҳилаҳои минбаъда низ шинонидани ниҳолҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зиёд кардани майдони тутзорҳо на танҳо барои зебогии манзараи канори роҳ, балки барои беҳтар намудани вазъи экологӣ, коҳиши таъсири чангу ғубор ва фароҳам овардани фазои мусоиди табиӣ аҳамияти муҳим дорад. Дарахти тут, ки дар иқлими минтақа хуб мутобиқ мегардад, метавонад дар солҳои наздик ба яке аз унсурҳои асосии сабзкории ин масир табдил ёбад.
Масъулини шаҳр иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳои дастаҷамъона дар доираи барномаҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Иқдоми мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба ҳифзи муҳити зист ва татбиқи сиёсати давлатии сабзкорӣ дар сатҳи маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.
Бо чунин иқдомҳои созанда, шаҳри Левакант рӯз аз рӯз симои сабзтару зеботар касб намуда, ба яке аз шаҳрҳои ободу намунавии минтақа табдил меёбад.