Дар ҳар давру замон ҳастии давлат ва пойдории миллат ба неруи муҳофизатии он такя мекунад. Артиш ҳамчун неруи қудратманду муназзам, рамзи истиқлол, кафили амният ва сипари боэътимоди давлату миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути қудрати дифоӣ, омодабошии ҳарбӣ ва садоқати фарзандони далеру шуҷои Ватан суботу оромӣ таъмин гардида, шароити зиндагии осоишта барои мардум фароҳам оварда мешавад.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави давлатдориро оғоз намуд. Дар ин давра зарурати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои Артиши миллӣ гузошта шуданд. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки амали тақдирсоз барои ҳифзи якпорчагии кишвар ва таъмини амнияти миллӣ буд.
Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ ташкил ёфт. Солҳои аввали истиқлолият барои кишвари мо давраи санҷиши ҷиддӣ ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ, фарзандони содиқи Ватан бо ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар камар бастанд. Маҳз шуҷоату ҷоннисориҳои онҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шинохта мешавад.
Артиш на танҳо сохтори низомӣ, балки мактаби мардонагӣ, ҷасорат ва худшиносӣ мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавонмарди бонангу номус шараф ва қарзи шаҳрвандист. Артиш ҷавононро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва омодагӣ барои дифои Ватан тарбия менамояд. Ин мактаб ҷавононро ба шахсиятҳои матин, устувор ва масъулиятшинос табдил медиҳад.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шудаанд. Бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар заминаҳои моддию техникии ҷузъу томҳо тадриҷан беҳтар гардида, сатҳи омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ баланд бардошта мешавад. Машқҳои ҳарбӣ, тамринҳои муштарак ва такмили ихтисоси афсарону сарбозон далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба таҳкими иқтидори дифоӣ мебошанд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки хавфу таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ зиёд гардидаанд, нақши Артиш боз ҳам муҳимтар мегардад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мавқеи стратегии ҷуғрофӣ масъулияти бузургеро дар таъмини амнияти минтақавӣ бар дӯш дорад. Аз ин рӯ, омодабошии доимӣ, интизоми қатъӣ ва сатҳи баланди касбияти хизматчиёни ҳарбӣ омили асосии муқовимат ба ҳар гуна таҳдидҳо мебошад.
Ватан барои ҳар яки мо муқаддас аст. Ҳифзи он на танҳо вазифаи ҳарбиён, балки қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Бо вуҷуди ин, маҳз Артиш сипари аввали давлат ба ҳисоб меравад. Агар сипар устувор бошад, миллат ором аст; агар неруи дифоӣ қавӣ бошад, давлат поянда мемонад. Аз ҳамин ҷост, ки ғамхорӣ ба Артиш, баланд бардоштани нуфузи он ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар ин замина, нақши муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва кафедраҳои ҳарбӣ дар донишкадаву донишгоҳҳо басо назаррас аст. Онҳо дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Мо, омӯзгорони кафедраи ҳарбӣ, вазифадорем, ки на танҳо донишҳои назариявӣ, балки рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба ҳифзи Ватанро дар қалби донишҷӯён бедор намоем.
Артиши миллӣ имрӯз рамзи қудрат, муттаҳидӣ ва ифтихори миллати тоҷик мебошад. Он дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини суботи сиёсӣ хизмат менамояд. Эътимоди мардум ба Артиш – ин эътимод ба фардои осудаи кишвар аст.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат минбаъд низ рисолати муқаддаси худро – ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои миллиро – сарбаландона иҷро хоҳад кард. Зеро дар сафи он фарзандони содиқу ватандӯсти миллат хизмат менамоянд, ки омодаанд барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватан ҷони худро дареғ надоранд.
Пойдории давлат аз қудрати Артиш ва ваҳдати миллат сарчашма мегирад. Бигзор ин сипари боэътимод ҳамеша устувор, неруманд ва омодаи дифои марзу буми Тоҷикистони азиз бошад.