Санаи 21 феврали соли 2026 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конференсяи байналмилалии илмию амалиӣ таҳти унвони «Забон - василаи таҳкими дӯстӣ ва рушди дипломатияи фарҳангӣ» дар ҳошияи…
Санаи 21 феврали соли 2026 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конференсяи байналмилалии илмию амалиӣ таҳти унвони «Забон - василаи таҳкими дӯстӣ ва рушди дипломатияи фарҳангӣ» дар ҳошияи татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии забони модар», 21-уми феврали соли 2026 баргузор гардид. Лозим ба қайд аст, ки дар конференсияи мазкур меҳмонҳо аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон, Қирғизистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сараввал меҳмонон ба осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар шафати Муассисаи давлатии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қарор дорад ташриф оварда, сипас, аз дастовардҳои Донишкада, ки ба маъраз гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Пеш аз оғози конференсия меҳмонон аз раванди таълим ва озмоишгоҳу синфхонаҳои таълимӣ-таҳқиқотӣ шиносоӣ пайдо намуда, ба шароити таҳсил, имконоти мавҷуда, инфрасохтор, ахлоқу пазироӣ баҳои баланд доранд.
Зимни ҷараёни конференсия дар толори фарҳангии Донишкада муовини аввали ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирсаидзода Муҳаммаднаим Неъмат сухани ифтитоҳӣ ироа дошта, миннатдорӣ ва пайки неки Роҳбарияти Донишкадаро ба меҳмонон ва ҳозирин манзур намуд.
Ҳамзамон сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, Ашуров Ардамеҳр ба ҳайси гардонандаи конференсия (модератор) суханронӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Дар идомаи чорабинӣ Исмаилова Жиргал Кусейновна-муовини ректор оид ба илми Донишкадаи авиатсионии Қирғизистон ба номи И. Абдаримова, Латипов Азиз Акбаралиевич-мудири кафедраи филологияи забони аглисии Донишкадаи давлатии забонҳои Самарқанд доктори PhD, Абдуназарова Зарина Исломовна - дотсенти кафедраи филологияи забони англисии Донишкадаи давлатии Самарқанд, Сафаров Усмоналӣ Нуриддинович – ассистенти кафедраи забонҳои Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Тентимишева Чолпон Шейшеевна - Роҳбари Маркази касбии забони англисӣ, “Англисии авиатсионӣ”-и Донишкадаи авиатсионии Қизғизистон ба номи И. Абдраимова, Холматова Парвина Илҳомовна – дотсенти Донишкадаи давлатии Самарқанд, Одинаева Фарзона Қурбоналиевна ассистенти кафедраи забонҳои Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, атрофи ҷанбаҳои бузургдошти забони модарӣ, таҳкими робитаҳои дустӣ, тақвияти ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ ва адабӣ дар заминаи истифодаи таҷрибаи тарафайн ва таваҷҷуҳи бештари ҳамкориҳои судманд суханронӣ намуданд.