Дар шаҳри Левакант, бо ташаббуси сардори Қитъаи гидрографии истифодабарии рақами 2-и Муассисаи давлатии беҳдошти замин ва обёрии болооби канали магистралии Вахш — Ҳалимзода Сафаралӣ корҳои тоза намудани заъбуру заҳкашҳо ба роҳ монда шуданд. Иқдоми…
Дар шаҳри Левакант, бо ташаббуси сардори Қитъаи гидрографии истифодабарии рақами 2-и Муассисаи давлатии беҳдошти замин ва обёрии болооби канали магистралии Вахш — Ҳалимзода Сафаралӣ корҳои тоза намудани заъбуру заҳкашҳо ба роҳ монда шуданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини обёрии саривақтии заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва пешгирии болоравии сатҳи обҳои зеризаминӣ амалӣ гардида истодааст. Дар рафти корҳо бо истифода аз техникаи махсус ва қувваи корӣ ҷӯйборҳо, заҳкашҳо ва шабакаҳои обпарто аз лойқа ва партовҳо пурра тоза карда мешаванд.
Тавре масъулон иброз доштанд, сари вақт анҷом додани чунин тадбирҳо имконият медиҳад, ки об ба заминҳои кишоварзӣ бемонеа расида, ҳосилнокии зироатҳо баланд бардошта шавад. Ҳамзамон, тоза нигоҳ доштани шабакаҳои обёрӣ ба пешгирии ҳолатҳои обхезӣ ва вайроншавии иншооти обрасонӣ мусоидат менамояд.
Корҳои тозакунӣ дар дигар қитъаҳои хизматрасон низ идома ёфта, тадбирҳои мелиоративӣ таҳти назорати доимии мутахассисон қарор доранд. Ин иқдом дар доираи омодагӣ ба мавсими кишту кори баҳорӣ роҳандозӣ гардида, ба рушди соҳаи кишоварзии минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.