19-уми феврал, дар толори фарҳангии Литсейи касбии саноатии кимиёвии шаҳри Левакант ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Ин ҳамоиши тантанавӣ бо…
19-уми феврал, дар толори фарҳангии Литсейи касбии саноатии кимиёвии шаҳри Левакант ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Ин ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки меҳмонони расмӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассиса фазои идона ва пуршукуҳро касб намуд.
Нахуст меҳмонон дар саҳни муассиса аз қадамзании дастаҷамъонаи хонандагон дидан карданд. Қадамзании ҳамоҳанг, интизоми намунавӣ ва ҷиддияти чеҳраҳои ҷавонон гӯё рамзи омодагии онҳо барои ҳифзи Ватан буд. Сипас, чорабинӣ дар толор бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Дар қисмати расмӣ Саидзода Саймаҳмуд Сайдаҳмад, ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфт. Ӯ дар суханронии худ зикр кард, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ тарбия ёбанд. Ба гуфтаи ӯ, Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат ва кафили сулҳу суботи ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин, Табаров Самандар, директори муассисаи таълимии ЛКСК, суханронӣ намуда, нақши чунин чорабиниҳоро дар таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ саҳми омӯзгоронро дар тарбияи насли солиму ватандӯст баланд арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, ба омӯзгороне, ки дар пешрафти соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаҳо супорида шуд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ рангоранг ва хотирмон буд. Хонандагон бо қироати шеърҳои ватандӯстона, суруду рақси дилнишин ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ баромад карданд. Ҳар як баромад мазмунан ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми падару модар ва арҷ гузоштан ба хизматчиёни ҳарбӣ бахшида шуда буд. Саҳначаи ҳаҷвӣ паёми амиқи тарбиявӣ дошта, хандаи самимии толорро ба бор овард.
Чорабинии «Ватанпарвар» на танҳо як маҳфили идона, балки як дарси зиндаи ватандӯстӣ барои ҷавонон гардид. Он нишон дод, ки насли наврас омода аст бо дониш, фарҳанг ва варзиш ба ояндаи кишвар саҳм гузорад.
Бояд гуфт, ки ин гуна ҳамоишҳо дар таҳкими худогоҳии миллӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан нақши муҳим мебозанд.