18-уми феврал, дар остонаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон, аз ҷониби шуъбаи дезинфексияи профилактикии шаҳри Левакант бо мақсади таъмини шароити мусоиди санитарӣ ва ҳифзи саломатии намозгузорон тадбирҳои безараргардонӣ амалӣ карда шуданд. Тибқи…
18-уми феврал, дар остонаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон, аз ҷониби шуъбаи дезинфексияи профилактикии шаҳри Левакант бо мақсади таъмини шароити мусоиди санитарӣ ва ҳифзи саломатии намозгузорон тадбирҳои безараргардонӣ амалӣ карда шуданд.
Тибқи иттилои масъулон, дар доираи ин иқдом тамоми масҷидҳои панҷвақтаи шаҳр, ки дар онҳо адои намози таровеҳ ба роҳ монда мешавад, бо истифода аз маҳлули махсуси хлор коркард гардиданд. Ин чорабинӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, таъмини муҳити тозаву бехатар ва риояи талаботи беҳдоштӣ анҷом дода шуд.
Кормандони шуъбаи дезинфексия ҳангоми иҷрои корҳо ба толорҳои намозгузорӣ, роҳравҳо, даромадгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сатҳу фарш ва дигар нуқтаҳои эҳтимолии ҷамъшавии микробҳоро пурра безарар гардониданд.
Масъулон зикр намуданд, ки чунин тадбирҳо минбаъд низ дар дигар иншооти ҷамъиятии шаҳр ба роҳ монда мешаванд. Зикр гардид, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти марбута ба шумор рафта, дар арафаи чорабиниҳои муҳими динӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои профилактикӣ мунтазам тақвият дода мешаванд.