18-уми феврал дар Китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Тараннуми ишқ дар ашъори Робияи Балхӣ» мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси адабии шоираи номвари форсу тоҷик — Робияи Балхӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносии миллӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ шуд.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони шуъбаи илм ва инноватсия, кормандони китобхона, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Баромадкунандагон аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Робияи Балхӣ сухан ронда, нақши ӯро дар ташаккули адабиёти классикии форсу тоҷик ва тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ мавриди таҳлил қарор доданд.
Сардори шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ, н.и.т. Ашуров Ардамеҳр, дар мавзӯи «Осори Робияи Балхӣ – василаи таҳкими худшиносии миллӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки ашъори ин шоираи асри Х сарчашмаи муҳими тарбияи маънавӣ буда, имрӯз низ барои ҷавонон сабақи садоқат, шуҷоат ва муҳаббат ба Ватан аст.
Мудири Китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ Шомудинова Шаҳло бо маърӯзаи «Тараннуми ишқ дар ашъори Робияи Балхӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои бадеии тасвири ишқ ва эҳсосро дар осори ӯ шарҳ дод. БМавсуф қайд намуд, ки Робияи Балхӣ яке аз аввалин бонувони шоирест, ки эҳсоси ишқро бо ҷасорату ростқавлӣ дар адабиёт баён кардааст.
Сармутахассиси шуъбаи илм ва инноватсия Маснавиева Фазилат дар мавзӯи «Зиндагиномаи шоираи асри Х, Робияи Балхӣ» суханронӣ намуда, перомуни ҳаёти пурфоҷиа ва сарнавишти пурдарди ин шоира маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ӯ қайд намуд, ки зиндагии Робияи Балхӣ намунаи мубориза барои озодии фикр ва эҳсос аст.
Омӯзгори кафедраи забонҳо Одинаева Фарзона бо забони англисӣ дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаъолияти шоираи форсу тоҷик – Робияи Балхӣ» маърӯза намуда, аҳамияти шиносонидани мероси адабии тоҷик ба ҷаҳониёнро таъкид кард. Ин баромад нишон дод, ки осори классикони тоҷик имкони муаррифии фарҳанги миллиро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён аз ашъори Робияи Балхӣ порчаҳо қироат намуда, муҳити фарҳангӣ ва эҳсосии ҷолибе ба вуҷуд оварданд. Қироати шеърҳо бо ҳисси баланди бадеӣ анҷом ёфта, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба маънои амиқи суханони ин шоираи бузург бештар кард.
Дар фарҷом иштирокчиён баён доштанд, ки чунин мизҳои мудаввар барои боло бурдани сатҳи маърифати адабӣ, густариши донишҳои илмӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ миёни донишҷӯён аҳамияти калон доранд. Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-илмӣ вобаста ба шахсиятҳои адабии миллӣ дар оянда низ идома хоҳад ёфт.