18-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо сокинони кӯчаҳои ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз тариқи усули «Хона ба хона» корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Зимни…
18-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо сокинони кӯчаҳои ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз тариқи усули «Хона ба хона» корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Зимни мулоқотҳои рӯ ба рӯ аъзои гурӯҳи корӣ бо ҳар як оила суҳбат ороста, доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, муқовимат бо зуҳуроти номатлуб, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тавзеҳот доданд.
Ҳамчунин ба сокинон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ, сарфакорона муносибат намудан ба захираҳои табиӣ, пардохти саривақтии маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ, риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ ва тозагии муҳити зист тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд. Таъкид карда шуд, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар таъмини суботу оромӣ ва рушди устувори ҷомеа назаррас мебошад.
Сокинони ҷамоати шаҳраки "Сарбанд" аз ташаббуси мазкур истиқбол намуда, иброз доштанд, ки чунин вохӯриҳо барои баррасии мушкилоти ҷойдошта ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мусоидат менамоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант минбаъд низ баргузории корҳои таблиғотиро бо усули «Хона ба хона» дар дигар маҳаллаҳои шаҳр ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳад шуд.