18-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули «Хона ба хона» корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани…
18-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули «Хона ба хона» корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, шарҳу тавзеҳи сиёсати давлатӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ баргузор гардид. Аъзои гурӯҳи корӣ зимни мулоқот бо сокинон масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла риояи қонунгузорӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон ба сокинон вобаста ба истифодаи самараноки неруи барқ, нигоҳдории муҳити зист ва тозагии маҳал тавсияҳои муфид дода шуданд. Гурӯҳи корӣ таъкид намуд, ки ҳамкории зичи аҳолӣ бо мақомоти иҷроия, омили муҳими пешрафти ҷомеа ва таъмини суботу оромӣ ба шумор меравад.
Сокинони деҳаи Меҳробод аз ташаббуси мазкур истиқбол намуда, иброз доштанд, ки чунин мулоқотҳои рӯ ба рӯ барои дарёфти посух ба саволҳои ҷойдошта ва ҳалли мушкилоти маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тасмим доранд минбаъд низ баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар дигар маҳаллаҳо ва деҳоти шаҳр идома диҳанд.