17-уми феврал, дар шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар яке аз хонаҳои истиқоматии сокини деҳаи Шоҳон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти…
17-уми феврал, дар шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳои муштараки бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» дар яке аз хонаҳои истиқоматии сокини деҳаи Шоҳон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти шиори «Мактаб модар» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш таҳкими арзишҳои оиладорӣ, баланд бардоштани мақому манзалати модар дар ҷомеа ва тарғиби фарҳанги миллӣ миёни насли наврас арзёбӣ гардид. Дар чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия, ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва дигар фаъолону сокинон ширкат варзиданд.
Зимни баргузории чорабинӣ ҳунару маҳорати катбонуҳои хона ва ҳамсоягон муаррифӣ гардида, анъанаҳои неки рӯзгордорӣ ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорон бо тарзи таҳия ва пухтани таомҳои миллӣ, нону кулчаҳои гуногун, ороиши дастархони тоҷикӣ, санъати захира ва нигоҳдории анвои гуногуни ғизоӣ аз наздик шинос шуданд.
Ҳамчунин, саҳнаҳои пурмуҳтавое аз суҳбати гарму самимии модар бо фарзандону наберагон дар гирди дастархон, иҷрои аллаҳои модарӣ ва лаҳзаҳои хурсандии хонаводагӣ манзур гардида, фазои самимият ва эҳтиром ба арзишҳои оилавиро тақвият бахшид.
Масъулин зимни суханронӣ зикр намуданд, ки модар нахустин омӯзгор ва тарбиятгари фарзанд буда, маҳз дар домони ӯ асосҳои ахлоқ, фарҳанг ва инсонгароӣ ташаккул меёбанд. Чунин чорабиниҳо барои эҳёи суннатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои оила ва баланд бардоштани нақши зан-модар дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дар фарҷом ба катбонуҳои фаъол изҳори сипос карда шуда, зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.