17-уми феврал, дар майдони варзишии кафедраи ҳарбии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ…
17-уми феврал, дар майдони варзишии кафедраи ҳарбии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муаллими калони кафедраи ҳарбии ДБССТ- Мирзоев Хуршедҷон, роҳбари кафедраи ҳарбии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ – капитан Муҳаммадҷони Рустам, муаллими калони кафедраи ҳарбӣ – капитан Кенҷазода Шералӣ, муаллими калони кафедраи ҳарбӣ – лейтинант Дурандеши Мирзонаим, инчунин донишҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии намояндагони кафедраи ҳарбӣ оғоз гардида, дар он аҳамияти Артиши миллӣ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ва кафили амнияти ҷомеа таъкид гардид. Зикр шуд, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, чунин озмунҳо дар ташаккули ҳисси масъулият, интизом ва омодагии ҷавонон ба ҳифзи Ватан нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни мусобиқа иштирокчиён маҳорати худро дар ҷобаҷогузорӣ ва ҷудокунии автомат ва таппонча нишон доданд. Ҳар як иштирокчӣ кӯшиш ба харҷ дод, ки ин амалро бо риояи қоидаҳои бехатарӣ, дақиқӣ ва дар муҳлати кӯтоҳтарин иҷро намояд. Ин навъи мусобиқа имкон фароҳам овард, ки сатҳи омодагии назариявӣ ва амалии ҷавонон дар соҳаи омӯзиши ҳарбӣ санҷида шавад.
Мусобиқа дар фазои солим ва рӯҳияи рақобати дӯстона баргузор гардида, донишҷӯён ва хонандагон бо шавқу завқи зиёд иштирок намуданд. Омӯзгорон фаъолияти иштирокчиёнро аз рӯйи суръат, дақиқӣ ва риояи талаботи қоидаҳои истифодаи силоҳ арзёбӣ карданд.
Ташкилкунандагони мусобиқа иброз доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар оянда низ идома ёфта, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои ҳарбии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Ин мусобиқа ҳамчун як тадбири муҳими тарбиявӣ дар роҳи тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ арзёбӣ гардид.