Дар шаҳри Левакант бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Маҳмад Хидирзода дар биноҳои баландошёнаи ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» корҳои фаҳмондадиҳиро тариқи…
Дар шаҳри Левакант бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Маҳмад Хидирзода дар биноҳои баландошёнаи ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» корҳои фаҳмондадиҳиро тариқи усули «хона ба хона» ба роҳ монд.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ кормандони бахши кор бо занон ва оила, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва дигар шахсони масъул шомил буданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ тақвияти корҳои иттилоотию маърифатӣ миёни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар ҷомеа арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯриҳо бо сокинон нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуда, таваҷҷуҳи шаҳрвандон ба масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди хурофоту таассуб, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги барои миллати мо бегона суҳбатҳои судманд анҷом дода шуданд.
Ҳамзамон, масъулин доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарбияи дурусти фарзандон, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ инчунин ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ, нигоҳдории тозагии муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳалли зист диққати махсус дода шуд.
Сокинони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» аз иқдоми мазкур истиқбол намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар самти таъмини суботу оромӣ, риояи қонун ва ҳифзи арзишҳои миллӣ иброз доштанд.
Тибқи иттилои масъулин, чунин мулоқоту суҳбатҳои «хона ба хона» минбаъд низ дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Левакант идома хоҳанд ёфт.