13-уми феврал, вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Табарзода Валиҷон Саид, нозири ГК ва кор бо…
13-уми феврал, вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Табарзода Валиҷон Саид, нозири ГК ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Субҳонзода Абдулло ва муовини сардори ШВКД дар шаҳри Левакант подполковники милитсия Умарзода Аваз бо собиқадорон ва ҳайати шахсӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо мақсади фаҳмондадиҳии самтҳои асосии сиёсати давлатии кишвар, тавзеҳи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, таҳкими робитаи наслҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа роҳандозӣ шуд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ барои тамоми соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазифаҳои мушаххасро муайян менамояд. Баромадкунандагон изҳор доштанд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан ва риояи қатъии қонун, амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин намоянд.
Раиси Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон Табарзода Валиҷон Саид дар суханронии худ нақши собиқадоронро дар тарбияи насли ҷавони кормандон муҳим арзёбӣ намуда, таҷрибаи хизматии худро ҳамчун мактаби ибрат барои ҳайати шахсӣ муаррифӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки эҳтиром ба қонун, интизоми хизматӣ ва муносибати нек бо мардум бояд меъёри асосии фаъолияти ҳар як корманд бошад.
Нозири ГК ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Хатлон полковники милитсия Субҳонзода Абдулло ба масъалаҳои таҳкими интизоми хизматӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодагии ҷисмониву маънавии кормандон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ зикр кард, ки иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар асоси қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ кафолати эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Муовини сардори ШВКД дар шаҳри Левакант подполковники милитсия Умарзода Аваз зимни баромади худ таъкид намуд, ки ҳайати шахсӣ бояд бо дарки баланди масъулият, эҳтиром ба шаҳрвандон ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ дар таъмини амният ва оромии ҷомеа саҳми босазо гузоранд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тарбияи кормандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии қонуншиканӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён вобаста ба мавзуъҳои матраҳшуда андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуда, аз ҷониби роҳбарият ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо ба таҳкими ҳамкории наслҳо, баланд бардоштани рӯҳияи хизматӣ ва иҷрои самараноки вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамоянд.