13-уми феврал, дар саҳни яке аз корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳри Левакант чорабинии «Хати тайёр»-и техника ва мошинолоти кишоварзӣ бахшида ба оғози мавсими нави кишту кори баҳорӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Левакант Муминзода…
13-уми феврал, дар саҳни яке аз корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳри Левакант чорабинии «Хати тайёр»-и техника ва мошинолоти кишоварзӣ бахшида ба оғози мавсими нави кишту кори баҳорӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Баҳром, директори КВД «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Юсуф, Бозраси техникии кишоварзии ҷумҳурӣ Холов Эмомалӣ, муовини аввали раиси шаҳри Левакант-Чилазода Холмаҳмад, масъулини соҳаи кишоварзии шаҳр, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизаторон ва дигар фаъолони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар тамоми ҷаҳон, ҳатто дар кишварҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафта, яке аз бахшҳои асосии таъминкунандаи аҳолӣ бо ҷойи кор ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ-саноатӣ маҳсуб мешавад, қисми зиёди аҳолӣ, бахусус сокинони деҳот, дар ин соҳа фаъолият менамоянд.
Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дастгирии соҳаи пахтакорӣ ва ба эътидол овардани вазъи он, дар муҳлати ду моҳ пешниҳодҳои заруриро вобаста ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд. Ин иқдом ҳамчун ғамхории навбатии роҳбарияти олии кишвар нисбат ба кишоварзон арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ҳамасола бо мақсади сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои агротехникӣ, кишти саривақтии зироатҳо, шудгори босифат ва омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъмиру таҷдид гардида, барои мавсими баҳорӣ сафарбар карда мешаванд. Зикр гардид, ки техникаи кишоварзӣ мададгори асосии деҳқонон буда, самаранокии истеҳсолот аз омодагии саривақтии он вобастагии калон дорад.
Дар доираи чорабинӣ беш аз 20 адад трактор ва дигар навъҳои техникаи кишоварзӣ, инчунин тухмиҳои барои кишт омодашуда дар «хати тайёр» ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон ва масъулин аз вазъи омодагии техники дидан намуда, ба фаъолияти кишоварзон баҳои мусбат доданд.
Дар фарҷом хоҷагидорони пешсаф, механизаторон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қадрдонӣ карда шуданд.
Баҳои масъулин нишон дод, ки меҳнаткашони шаҳри Левакант ба мавсими кишту кори баҳорӣ омодагии ҳамаҷониба дошта, тасмим доранд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва техникаи муосир ҳосили фаровон ба даст оваранд.