Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи таваллуд, собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, собиқ сардори ШВКД-и шаҳри Левакант Мастов Абдулҳаким Рӯзиевич бо медали «Барои ҷасорат ва мардонагӣ» қадршиносӣ гардид. Ташаббускори…
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи таваллуд, собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, собиқ сардори ШВКД-и шаҳри Левакант Мастов Абдулҳаким Рӯзиевич бо медали «Барои ҷасорат ва мардонагӣ» қадршиносӣ гардид.
Ташаббускори ин иқдоми нек раиси Ташкилоти "Сипарони Ватан" Бароталиев Сафар буд, ки зимни суханронии худ аз саҳми арзишманди Мастов Абдулҳаким Рӯзиевич дар таҳкими қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон ёдовар шуд. Зикр гардид, ки фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намунаи садоқат ба савганд, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба Ватан маҳсуб меёбад.
Медали «Барои ҷасорат ва мардонагӣ» ба хотири хизматҳои шоён, ҷасорату матонат ва саҳми арзанда дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба номбурда супурда шуд. Зикр шуд, ки чунин қадршиносӣ нишони эҳтиром ва эътирофи хизматҳои содиқонаи ӯ дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.
Ҳамчун арзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз номи Ташкилоти «Сипарони Ватан» ҳамсари Мастов Абдулҳаким Рӯзиевич, Мастова Ватансултн низ бо дастагули тару тоза шод гардонида шуд. Ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба дастгирӣ ва саҳми оила дар фаъолияти пурмасъулияти як хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ гардид.