12-уми феврал, мутахассисони Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемологии шаҳри Левакант тибқи нақшаи корӣ дар дукону мағозаҳои ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузарониданд. Ҳадафи асосии ин иқдом пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти…
12-уми феврал, мутахассисони Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемологии шаҳри Левакант тибқи нақшаи корӣ дар дукону мағозаҳои ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузарониданд.
Ҳадафи асосии ин иқдом пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти муҳлатгузаштаву камсифат, таъмини риояи талаботи гигиению санитарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати санитарии соҳибкорону фурӯшандагон арзёбӣ гардид. Зимни санҷишҳо ҳолати нигоҳдорӣ ва ҷойгиркунии маҳсулоти хӯрокворӣ, мутобиқати муҳлати истифода, шароити нигоҳдорӣ дар яхдонҳо, тозагии муҳити дохилии мағозаҳо ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Мутахассисон бо соҳибони нуқтаҳои савдо ва фурӯшандагон суҳбатҳои инфиродӣ доир намуда, онҳоро ба риояи ҳатмии меъёрҳои амалкунандаи санитарӣ, нигоҳдории дурусти маҳсулот, пешгирии омехташавии молҳои сифатнок бо муҳлатгузашта ва таъмини тозагии ҷойи кор даъват карданд. Ҳамзамон оид ба масъулияти ҳуқуқӣ дар ҳолати ошкор шудани қонуншиканиҳо тавзеҳот дода шуд.
Таъкид гардид, ки саломатии аҳолӣ аз сифати маҳсулоти истеъмолӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, ҳар як соҳибкори соҳаи савдо бояд масъулияти баланд эҳсос намуда, барои пешниҳоди маҳсулоти босифат ва бехатар ба шаҳрвандон кӯшиш намояд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ минбаъд низ ба таври мунтазам идома ёфта, назорат ҷиҳати ҳифзи саломатии сокинон ва таъмини амнияти озуқаворӣ тақвият дода мешавад.