Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм мебошад. Ин падидаҳои хатарнок ба ҷомеаи башарӣ таҳдид намуда, боиси истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегарданд.
Дар замони муосир масъалаи терроризм ва гурӯҳҳои ифротӣ яке аз мавзуъҳои мубрами илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб рафта, сабабҳо ва хусусиятҳои он аз ҷониби олимону муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро самти муҳими сиёсати давлатӣ қарор дода, пайваста ҷомеаи байналмилалиро ба ҳамкории фаъол дар муқобили ин зуҳуроти даҳшатовар даъват менамояд.
1 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва нақшаи амал оид ба татбиқи онро бо Фармони №187 тасдиқ намуданд. Стратегияи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, таҳия шудааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сохтори конститутсионӣ, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, бартарафсозии сабабу шароити ба он мусоидаткунанда, татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, инчунин баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аз вазифаҳои асосии давлат ба шумор мераванд. Ҳамзамон, мубориза бо маблағгузории экстремизм ва андешидани тадбирҳои иловагӣ дар минтақаҳои осебпазир низ аҳамияти муҳим доранд.
Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Терроризм ватан, миллат ва фарҳанг надорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагардад. Баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ метавонад ҷомеаро аз чунин хатарҳо эмин нигоҳ дорад.
Зеро шахси соҳибмаърифат ва донишманд метавонад дар рушду нумӯи Ватани азиз саҳм гузошта, бар зидди ҳама гуна таҳдидҳои номатлуб мубориза барад.
Нодирова Майрамбӣ-омӯзгор