Санаи 11.02.2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Левакант миёни хонандагони синфҳои 9–11 озмуни варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Ҳадафи баргузории озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди…
Санаи 11.02.2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Левакант миёни хонандагони синфҳои 9–11 озмуни варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории озмун баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди омодагии ҷисмонии хонандагон буд. Дар рафти чорабинӣ хонандагон фаъолона иштирок намуда, маҳорату чолокӣ ва рӯҳияи баланди варзиширо нишон доданд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз ҷониби бахши маорифи шаҳри Левакант бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар тарбияи ҷисмонӣ ва ватандӯстии хонандагон таъсири мусбат гузошт.