12 феврал, дар шаҳри Левакант ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вохӯрӣ баргузор гардид. Чорабинӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати…
12 феврал, дар шаҳри Левакант ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вохӯрӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 бо иштироки сокинон доир шуд.
Дар вохӯрӣ кормандони Раёсати Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон — Одиназода Иброҳим ва Ҳакимзода Абдураҳмон, ҳуқуқшиноси давлатӣ-Соҳибзода Сафармурод, ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Ҳалимзода Карим, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) шаҳри Левакант-Изатуллозода Шоҳзода ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Зимни суҳбат масъулин муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, ба масъалаҳои таҳкими давлатдории миллӣ, волоияти қонун, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, дастгирии соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Қайд гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа ва таъмини суботу оромӣ дар кишвар ба шумор меравад. Иштирокдорон вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, риояи талаботи қонунгузорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ намуда, ба саволҳои сокинон посухҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳои иттилоотиву маърифатӣ минбаъд низ бо мақсади тавсеаи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат идома хоҳанд ёфт.