eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ МАРКАЗИ ПЕШГИРИИ ВНМО ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД
Главная
More
Исполнительный орган государственной власти города Левакант
Новости
ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ МАРКАЗИ ПЕШГИРИИ ВНМО ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД
Единый портал государственных услуг
10 февраля 2026
ЛЕВАКАНТ: ТАШАББУСИ МАРКАЗИ ПЕШГИРИИ ВНМО ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД
10-уми феврал, мутахассисони Маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар шаҳри Левакант бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрии фаҳмондадиҳиро бо…
10-уми феврал, мутахассисони Маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар шаҳри Левакант бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» вохӯрии фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» баргузор намуданд.
Зимни ин чорабинӣ мутахассисон бо сокинон суҳбатҳои инфиродӣ анҷом дода, маълумоти муфассалро вобаста ба роҳҳои паҳншавии ВНМО, роҳҳои пешгирии он, зарурати риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва тарзи ҳаёти солим ба онҳо расониданд. Ҳамзамон, аҳолӣ аз оқибатҳои иҷтимоӣ ва тиббии беморӣ, инчунин роҳҳои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон огоҳ карда шуданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо ба сокинон иттиловарақаҳои махсус тақсим карда шуда, дар онҳо маълумоти зарурӣ оид ба ВНМО, нишонаҳои беморӣ, тарзи муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ ва имкониятҳои ташхиси ройгон дарҷ гардида буданд. Мутахассисон таъкид намуданд, ки муроҷиати саривақтӣ ба табибон ва гузаштани ташхис метавонад аз паҳншавии беморӣ пешгирӣ намояд.
Мутахассисон инчунин ба саволҳои сокинон посух гуфта, афсона ва тасаввуроти нодурустро вобаста ба ВНМО рад намуданд. Таъкид гардид, ки ин беморӣ тавассути муоширати оддӣ, дастфишорӣ ё ҳамнишинӣ намегузарад ва нисбат ба шахсони гирифтори он бояд муносибати инсондӯстона зоҳир карда шавад.
Сокинони деҳаи Навобод чунин вохӯриҳоро муҳим ва муфид арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки баргузории чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» ба баланд гардидани маърифати тиббӣ ва ҳифзи саломатии ҷомеа мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки Маркази пешгирии ВНМО дар шаҳри Левакант минбаъд низ чунин чорабиниҳоро дар дигар маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳр идома дода, фаъолияти худро ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятӣ равона хоҳад кард.