10-уми феврал, пас аз адои намози пешин, дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи…
10-уми феврал, пас аз адои намози пешин, дар масҷиди панҷвақтаи маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо усули «масҷид ба масҷид» роҳандозӣ шуд.
Дар вохӯрӣ мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Маҳмад Хидирзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Султонов Ҳикматулло ва сармуҳаррири рӯзномаи «Нури Сарбанд» Орзу Ашуров иштирок намуда, бо намозгузорон сӯҳбати озоду ошкоро анҷом доданд.
Зимни баромадҳо масъулин муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, нуктаҳои калидии онро вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими сулҳу субот ва нақши шаҳрвандон дар пешрафти давлат ба ҳозирин расониданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ, роҳ надодан ба омилҳои номатлуб дар ҷомеа, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, бегонапарастӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегона таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтироми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин бедор намудани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба ҷавонон ҷиҳати садоқат ба Ватан, хизмати софдилона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти кишвар тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ саволу пешниҳодҳои намозгузорон шунида шуда, ба онҳо аз ҷониби масъулин ҷавобҳои муфассал пешниҳод гардиданд. Иштирокчиён чунин мулоқотҳоро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки баргузории вохӯриҳо бо усули «масҷид ба масҷид» ба баланд гардидани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими робитаи давлату ҷомеа мусоидат мекунад.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ дар дигар масҷидҳо ва маҳаллаҳои шаҳр идома ёфта, ба пешгирии падидаҳои номатлуб ва таҳкими фазои солими иҷтимоӣ дар ҷомеа равона карда мешаванд.