9-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти раёсати раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ маҷлиси назоратӣ бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷараёни маҷлис як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия то соли 2030, рафти иҷрои қисми даромади буҷети шаҳр, инчунин шарҳу тавзеҳи муфассали Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омодагӣ ба таҷлили Рӯзи баромадани Қӯшунҳои шӯравӣ аз хоки Афғонистон, Рӯзи Артиши миллӣ, инчунин тадбирҳои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар маҷлис ҳамчунин рафти корҳои саҳроӣ, ҳарчи зудтар ба истифода додани иншоотҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи тозагии шаҳр, вусъат бахшидани маъракаи ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ ва корҳои ободонӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.
Раиси шаҳр ба ҷоннок намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, муқовимат бо пӯшиши либосҳои ба фарҳанги миллии мо бегона, хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ таъкид намуд. Инчунин, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, назорати ҷиддии давомоти хонандагон ва даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз мавзӯъҳои муҳими баррасишуда буданд.
Дар фарҷоми маҷлис Муминзода Мастура Табарӣ таъкид кард, ки асоси фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро иҷрои стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин амру қарор ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад. Ӯ зикр намуд, ки дар ин самт бояд тамоми сохторҳо бо масъулияти баланд ва ҷиддият фаъолият намоянд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, иҷрои онҳо зери назорати доимӣ қарор дода шуд.