Санаи 07.02.2026 дар Донишкадаи байналмиаии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар заминаи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Усулҳо ва роҳҳои навиштани мақолаҳои илмӣ дар раванди…
Санаи 07.02.2026 дар Донишкадаи байналмиаии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар заминаи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Усулҳо ва роҳҳои навиштани мақолаҳои илмӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Вобаста ба мавзӯи мазкур номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои ҷомеашиносӣ Холмуродзода Фазлиддин бо рӯнамои ҷолиб ва таҳлилӣ маърӯза намуда, сипас дар идомаи ҷаёни семинар устодони донишкада, аз ҷумла сардори шуъбаи илм ва инноватсия н.и.т., Ашуров А., мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Ғаниева Н., ассистенди кафедра Камолов Ф. перомуни мавзӯи матраҳшаванда баёни андеша намуданд.
Албатта, дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки рақобат дар фазои илмии байналмилалӣ афзоиш ёфтааст, сифати мақолаҳои илмии муҳаққиқони ватанӣ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ (мисли Scopus, Web of Science ва заминаҳои дигари илмӣ) мутобиқ бошад. Аз ин рӯ, семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳайати омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон дар самти таҳия ва нашри корҳои илмӣ доир гардид.
Ҳамчунин дар раванди семинар ҷанбаҳои муайян кардани сохтори стандартии мақола (IMRaD) бо истифодаи формати байналмилалии Introduction (Муқаддима), Methods (Методҳо), Results (Натиҷаҳо) ва Discussion (Муҳокима), интихоби маҷаллаҳои бонуфуз, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, одоби илмӣ ва пешгирии плагиат - риояи принсипҳои асолати илмӣ ва истифодаи дурусти иқтибосҳо дар замони ҷаҳонишавӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.
Дар интиҳои семинар саволу ҷавоб ва фикру ақидаҳо оид ба мавзӯъ байни омӯзгорон сурат гирифт, ки дар натиҷа баргузории семинар саривақтӣ ва судбахш арзёбӣ гардид.