7-уми феврал, тибқи супориши раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дар қаламрави шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими ҷамъиятӣ кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ фаъолона…
7-уми феврал, тибқи супориши раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дар қаламрави шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими ҷамъиятӣ кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ фаъолона иштирок намуда, дар корҳои тозакорию ободонӣ саҳми назарраси худро гузоштанд.
Иштирокчиёни шанбегӣ кӯчаву хиёбонҳо, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин минтақаҳои истироҳатиро аз партовҳо тоза намуда, корҳои рӯбучин, бартарафсозии алафҳои худрӯй ва ҷамъоварии партовҳои маиширо анҷом доданд.
Мақсади асосии баргузории шанбегии умумишаҳрӣ беҳтар намудани сатҳи санитарӣ, нигоҳдории муҳити зист ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон нисбат ба тозагӣ ва ободонии шаҳр арзёбӣ мегардад. Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо на танҳо ба зебоии шаҳр мусоидат мекунанд, балки дар тарбияи фарҳанги шаҳрдорӣ низ нақши муҳим мебозанд.