5-уми феврал, дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Левакант варзишгарбонуи шаҳр, дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ — Фарзона Ғуломова пас аз бозгашт аз мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии армрестлинг ва пара-армрестлинг бо як маросими тантанавӣ истиқбол…
5-уми феврал, дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Левакант варзишгарбонуи шаҳр, дастпарвари Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ — Фарзона Ғуломова пас аз бозгашт аз мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии армрестлинг ва пара-армрестлинг бо як маросими тантанавӣ истиқбол гирифта шуд.
Дар маросими истиқбол муовини аввали раиси шаҳри Левакант Холмаҳмад Чилазода, муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, дигар масъулин, ҷавонон, варзишгарон ва намояндагони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр иштирок намуда, варзишгарбонуро бо гулдаста ва туҳфаҳо пешвоз гирифтанд.
Муовини аввали раиси шаҳр Холмаҳмад Чилазода зимни суханронӣ дастоварди Фарзона Ғуломоваро намунаи равшани муваффақияти варзиши шаҳр арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки чунин пирӯзиҳо на танҳо барои шаҳри Левакант, балки барои тамоми кишвар мояи ифтихор мебошанд. Ӯ ба варзишгар, падару модар, устодон ва ҳамаи онҳое, ки дар омодасозии ӯ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуда, Фарзона Ғуломоваро бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қадршиносӣ кард.
Қобили зикр аст, ки Фарзона Ғуломова дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва параармрестлинг, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, баромади шоиста нишон дода, миёни варзишгарони беш аз 30 кишвари ҷаҳон сазовори медали нуқра гардид. Ин натиҷаи баланд боз як саҳифаи дурахшонро дар таърихи варзиши шаҳри Левакант сабт намуд.
Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва параармрестлинг аз ҷумлаи мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба шумор рафта, варзишгарони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонидоштаро аз гӯшаву канори ҷаҳон ба ҳам овард. Ин чорабинии варзишӣ ба майдони воқеии намоиши қудрат, иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва маҳорати баланди иштирокчиён табдил ёфта, сатҳи касбии варзишгаронро боз ҳам равшантар инъикос намуд.
Дастоварди Фарзона Ғуломова боиси ифтихори сокинони шаҳри Левакант ва кулли дӯстдорони варзиш гардида, ҷавононро ба тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва расидан ба қуллаҳои баланди муваффақият илҳом мебахшад.