Муддати чандест, ки мардуми сарбаланди мо фикру андешаҳои худро оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дили гарм ва хушнудии беинтиҳо баён намуда истодаанд. Дар ҳақиқат, вақте Паёмҳои Президенти кишварро бо ҳам қиёс мекунем, баръало эҳсос мегардад, ки аз Паём то Паём халқи бузурги мо бо руҳбаландии беҳад дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат якдилона сарҷамъ гардида, корҳои неку созандаро ба манфиати давлату миллат анҷом медиҳанд.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ масъалаҳоеро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд, ки дар пешрафту тараққиёти ҳаёти имрӯзаи ҷомеа нақши муҳим ва ҷойгоҳи хос доранд. Аз ҷумла, муҳтавои Паёми имсола нисбат ба соҳаи маориф, таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисосу мутахассисон равона гардида, ин нуктаҳо дар суханрониҳои роҳбари давлат ба таври равшан таъкид шуданд.
Зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, аз кӯдаки мактабхон то пиронсолон, аз ҷумла мо омӯзгорон, ҳар як нуктаи Паёми Президенти кишварро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, Ватани азизамонро дӯст дорем ва меҳру муҳаббати онро дар дилу дидаамон ҷой намоем. Зеро ҳифзи содиқонаи манфиатҳои миллату давлат, афзал донистани манофеи давлатӣ аз ҳама гуна манфиатҳои дигар, талоши пайваста барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва иқтидори иқтисодии кишвар вазифаи шаҳрвандӣ ва масъулияти ҳар як сокини Тоҷикистони азиз мебошад.
Мо омӯзгорон бояд рисолати худро дар он бинем, ки ҳамарӯза ба таълиму тарбияи насли наврас бо масъулияти бештар машғул шуда, дар ободию пешрафти Ватани азизамон то Паёми навбатӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Ҳамчунин, бо мақсади татбиқи амалии тадбирҳое, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, саъю кӯшиши худро ба беҳтар гардидани ободии кишвар, пешрафти миллат ва фароҳам овардани шароити боз ҳам хубу шоистаи зиндагӣ равона намоем.