27 июли соли 2026 дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Ҷаноби Ван Цзисинь, муовини директори генералии Раёсати хоҷагии ҷангал ва захираҳои чарогоҳи Нинся-Хуэйи ноҳияи…
27 июли соли 2026 дар Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Ҷаноби Ван Цзисинь, муовини директори генералии Раёсати хоҷагии ҷангал ва захираҳои чарогоҳи Нинся-Хуэйи ноҳияи мухтор, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Маркази ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ, Донишгоҳи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали шимолу ғарбии Чин, Донишгоҳи Нинся, инчунин намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳои соҳавии Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи таҷриба ва истифодаи технологияҳои муосир дар самти мубориза бар зидди биёбоншавӣ, ҳифзи хок ва захираҳои об, барқарорсозии заминҳои таназзулёфта ва рушди соҳаи хоҷагии ҷангал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориҳои соҳавӣ таъкид намуданд.