15 сентябри соли 2026 дар доираи баргузории Ҳамоиши сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати кореягии The Treeple Co. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи…

15 сентябри соли 2026 дар доираи баргузории Ҳамоиши сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» байни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати кореягии The Treeple Co. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва таҳияи лоиҳаҳои карбонии ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.
Ҳуҷҷати мазкур ба густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои ҳифз, барқарорсозӣ ва рушди захираҳои ҷангал, инчунин истифодаи технологияҳои муосир барои идоракунии устувори онҳо равона шудааст.
Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо дар самти барқарорсозии ҷангалҳо ва заминҳои таназзулёфта, рушди агроҷангалпарварӣ, арзёбии захираҳои ҷангал бо истифода аз дронҳо ва технологияҳои моҳворавӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ таҳияи лоиҳаҳои карбонии ба табиат асосёфта мебошад. Татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад барои зиёд намудани иқтидори ҷангалҳо дар ҷабби гази карбон, беҳтар намудани ҳолати экосистемаҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи самараноки заминҳои таназзулёфта замина фароҳам оварад.
Имзои санад қадами муҳим дар самти ҷалби таҷриба ва технологияҳои муосири Ҷумҳурии Корея ба соҳаи хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таҳияи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди устувори ҷангалҳо ва иқлим мусоидат хоҳад кард.