Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Юсуфзода бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ — ҷанобон Асфирачи ва Мелс, дар доираи амалигардонии барномаи «Барқарорсозии ландшафтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»…

Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдуҷаббор Юсуфзода бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ — ҷанобон Асфирачи ва Мелс, дар доираи амалигардонии барномаи «Барқарорсозии ландшафтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрии корӣ баргузор намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷараёни иҷроиши нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки татбиқи барнома дар маҷмӯъ қаноатбахш буда, то имрӯз дар масоҳати 3900 гектар барқарорсозии ҷангал, 220 гектар плантатсияҳои дарахтони зудсабзишёбанда ва дар 8000 гектар мусоидат ба худбарқароркунии ҷангал амалӣ гардида истодааст. Қисми зиёди чорабиниҳои банақшагирифташуда дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки бори аввал дар ҷумҳурӣ баҳисобгирии миллии ҷангалҳо амалӣ шуда истодааст.

Муҳлати иҷроиши лоиҳа моҳи ноябри соли ҷорӣ ба анҷом мерасад. Бо дарназардошти ин, нақшаи татбиқи фаъолиятҳои боқимонда то муҳлати зикршуда муайян карда шуд.

Инчунин, дар доираи маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ, ба зерсохторҳои Агентӣ барои таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳо ва пурзӯр намудани ҳифзи ҷангалзорҳо 4 автомашинаи тамғаи «Нива» тақдим гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дар самти бунёд ва барқарорсозии ҷангалҳо таъкид намуданд.