Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент бо мақсади аз хатари обхезӣ эмин нигоҳ доштани ҷангалҳои туғайзор, майдони зиёда аз 4 гектар боғҳои маданӣ, қитъаи замини ниҳолхона ва дигар иншоотҳо, аз ҷумла фермаи чорвои калон дар соҳили дарёи Зарафшон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба анҷом расонида шуданд.