Субҳи 28-уми феврали соли ҷорӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва солимгардонии ҷомеа таҳти унвони «с» кормандони Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқи пагоҳирӯзӣ, ки дар боғи Низомуддин Алишери Навоии шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, забон ва истилоҳот, дин, танзим ва ҷашну маросимҳо, Агентиҳои содирот, захираҳои модии давлатӣ, инноватсия ва техналогияҳои рақамӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии қонунгузорӣ, Хадамотҳои зидди инҳисорӣ ва назорати давлатии бехатари корҳо дар саноат ва корҳои куҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.