Дар доираи татбиқи банди 12 Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026 бунёди плантатсияҳои саноатии ҷангалзорҳо, аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзеъи Хоҷамӯъмин, дар қитъаи Меҳрвар, дар масоҳати зиёда аз 3 гектар корҳои омодасозии замин барои шинонидани ниҳолҳои писта амалӣ гардиданд.